ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Барои нахустин бор дар Маскав ба шахси бешаҳрванд шаҳодатномаи муваққатӣ дода шуд. Дар ин бора узви Комиссияи назорати ҷамъиятии шаҳр Ева Меркачева хабар дод.
Ин нафар зодаи Тоҷикистон Ёқубҷон Ҳакимҷонов будааст.
“Аввалин нафаре, ки дар Маскав шиносномаи ба истилоҳ сабзи ғайришаҳрвандӣ, яъне шаҳодатномаи муваққатӣ гирифт, Ёқубҷон Ҳакимҷонови 53-сола аст", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Меркачева, Ҳакимҷонов беш аз ду сол дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Сахарово зиндагӣ мекард.
Ба далели надоштани шаҳрвандӣ мақомот натавонистанд ӯро ихроҷ кунанд. Ҳоло бо ин ҳуҷҷат ӯ метавонад озодона дар Маскав зиндагӣ ва дар саросари Федератсияи Русия кор кунад (барои кор ба ӯ патент лозим нест).
Ба гуфтаи худи Ҳакимҷонов, ӯ дар Душанбе таваллуд шуда, дар панҷсолагӣ ҳамроҳи оилааш ба Астрахан кӯчидааст.
29 декабри 2021, 18:00
Ёдовар мешавем, ки қонуни мазкурро Владимир Путин моҳи феврали соли 2021 имзо карда буд.
Шаҳодатнома барои даҳ сол дода мешавад ва ба шумо имкон медиҳад, ки бидуни иҷозат кор кунед.
То 1 декабри соли 2021 беш аз 750 дархост барои гирифтани шиносномаи муваққатӣ сабт шудааст.