ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Вазъи коронавирус дар ҷаҳон майли бадшавиро дорад. СҶБ мегӯяд, аз 3 то 9 январи соли ҷорӣ гирифорӣ ба ин дард дар ҷаҳон рекордӣ шудааст.
Бар хабари манбаъ, дар ин муддат 15 154 666 ҳолати нави сироятшавӣ ба бемории коронавирус сабт гардид, ки аз замони авҷ гирифтани вируси мазкур бесобиқа аст.
Гуфта мешавад, аз ҳама беш шаҳрвандони Аврупо мариз шудаанд. Беш аз 7 миллион нафар аврупоиҳо гирифтори COVID шуда, ҳамзамон 43 461 бемор ҷон аз даст доданд.
СҶБ шумораи умумии беморонро 308 миллион нафар гуфта, аз наҷот ёфтани беш аз 5 миллион бемор зикр намуд.
Ёдовар мешавем, ки бори аввал дар моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳан хуруҷи бемории пурасрор ба қайд гирифта шуд. Маълум шуд, ки онро коронавируси қаблан номаълумбуда ба вуҷуд овардааст. Олимон онро SARS-CoV-2 номиданд.
Зимнан, рӯзи 11 марти соли 2020 СҶБ пандемия эълон кард. Ин вирус нахуст ба кишварҳое чун ИМА, Ҳиндустон, Бразилия, Британияи Кабир ва Фаронса доман зад. Русия аз лиҳози сироятёббии шаҳрванддон дар ҷойи шашум қарор гирифт.
То ҳол дар аксари кишварҳо штамми делта паҳн шудааст, аммо ба гуфтаи олимон, омикрон метавонад дар ояндаи наздик ҷои онро гирад.