ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Манобеъ дар бораи ин таъйиноти кадрӣ аз Литсейи касбии техникии сохтмонии №31 дар шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд.
Бино ба гуфтаи манбаи Sputnik Тоҷикистон, Мухторов аз рӯзи ҷумъаи 7 январ расман дар ин муассисаи давлатии таълимӣ ба фаъолият шуруъ намудааст.
Баъд аз даргузашти Ғанӣ Раупов, мудири қаблии ин муассисаи таълимии тобеи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ курсии сарварии он ҳудуди панҷ моҳ ба ин тараф холӣ буд.
Марҳум соли 2016 мудири Литсейи касбӣ техникии сохтмонии № 31 шаҳри Хуҷанд таъйин шуда, ҳудуди панҷ соли охир дар ин вазифа кор мекард.
Аммо рӯзи якуми августи соли гузашта ӯ дар синни 59-солагӣ бар асари бемории корона ин дунёро падруд гуфт. Аз он замон вазифаи директории ин муассиса холӣ буд.
Имомиддин Мухторов 4 апрели соли 1987 дар ноҳияи Мастчоҳ таваллуд шудааст. Ӯ то ин замон ба унвони муовини сардори идораи ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Мастчоҳ кор мекард.