ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Рӯзноманигор Алексадр Гордон ҳамроҳ бо ҳамсари собиқаш, коргардони тоҷик Нозанин Абдулвосиева ва фарзандонашон ба истироҳат рафтаанд.
Аксеро аз истироҳати якҷояашонро Гордон дар саҳифааш дар "Instagram" нашр намудааст. Бар асоси ин тасвир, оила таътили январиро дар хориҷ, дар лаби баҳр гузаронда истодааст.
Нашри ин акс барои бархе аз корбарон ғайричашмдошт буда, бисёриҳо ба навиштани шарҳҳо зери он пардохтаанд. "Александр бо ҳамсаратон дубора якҷо шудаед?" "Ин хеле хуб" навиштаанд ҳамвандон.
Нозанин Абдулвосиева набераи коргардони машҳури Иттиҳоди Шӯравӣ ва феълан Русияю Тоҷикистон Валерий Аҳадов ва намояндаи оилаи машҳури адибони тоҷик - Миршакаровҳо мебошад. Гордон ва Нозанин баъди 6 соли издивоҷ соли 2020-ум аз ҳам ҷудо шуданд.
Вакилон гуфтанд, ҳамсарон хеле ором ва бидуни ҷанҷол издивоҷашонро бекор карданд.
Таъкид мешавад, ки зану шавҳари собиқ баъди азҳампошии оилаашон низ муносиботи хубро ҳифз намудаанд. Падар вақти зиёдеро бо фарзандон мегузаронад ва аксҳои зиёди якҷояашонро нашр мекунад.
Онҳо соли 2014, замоне ки Нозанини 20-сола донишҷӯ буду Гордон 50 сол дошт, издивоҷ карданд ва аз зиндагии якҷоя соҳиби ду фарзанд - Александр ва Федор шуданд.