ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Мақомот мегӯянд, ба идораи милиса дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 31-сола, сокини ноҳияи Файзобод арз кардааст, ки мавриди қаллобӣ қарор гирифтааст.
Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, муроҷиаткунанда изҳор доштааст, 15-уми августи соли 2021 дар шаҳри Душанбе ҷавони 28-сола, сокини шаҳри Ваҳдат бо роҳи фиреб аз ӯ 208 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Тавзеҳ дода шудаст, ки ин маблағро барои харидории билети ҳавопаймо аз ӯ гирифта, аммо то ҳол ба соҳибаш барнагардондааст.
Манбаъ тафсилоти дигарро ироа накардааст, танҳо афзудааст, ки феълан тафтиши ин ҳолат идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки соли гузашта дар пасманзари пандемияи каронавирус нархи билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия аз 10 ҳазор сомонӣ низ гузашта буд. Дар бисёри ҳолатҳо чиптаҳо аз тариқи миёнаравҳо бо нархҳои ҳангуфт фурӯхта мешуданду дар ҳолатҳои дигар мусофирон пас аз пардохти пул фиреб мехӯрданд.
Мақомоти Тоҷикистон аз боздошти чандин гурӯҳи қаллоб бо иттиҳоми фиреби мусофирон хабар дода, аз шаҳрвандон даъват намуданд, ки билетро танҳо аз билетфурӯшиҳои расмӣ харидорӣ намоянд.