Шикасти "инқилоб"-и "орк"-ҳо дар Қазоқистон: Осиёи Марказиро чӣ интизор аст?

Зарфияти бузурги қудратии Қазоқистон дар баробари ҳамлаи террористии аввали моҳи январ нокофӣ ба назар расид
Sputnik
Сабаб ва шартҳои асосии рӯйдодҳои Қазоқистон: ҳамкории ҳамзамон низомӣ дар форматҳои СПАД ва НАТО, эҳтироми сиёсӣ ба ғояҳои "Тӯрони бузург", беаҳамият ҷилва додани ячейкаҳои махфии ҷиҳодии маҳаллӣ (ҷумҳуриявӣ ва минтақаӣ)-и дорои таҷрибаи ҷангӣ дар Афғонистон, Ироқ, Сурия мебошанд.
Дараҷаи ташкилӣ, таъминот ва ҳамоҳангсозии амалиётии эътирозгарон аз ҷалби назарраси маблағҳои хориҷӣ ва эҳтимоли ҷалби хадамоти иктишофии ғарбӣ шаҳодат медиҳад.
Баҳонаи ошкори дур аз зеҳнҳо барои "эътирозҳо" ва "бандҳои фрейди украинӣ" дар расонаҳои ғарбӣ ҳокӣ аз ширкати мустақими амрикоиҳо ё муттаҳидони наздиктарини онҳо дар ташкили "Майдони дувум" дар наздикии марзҳои Русия дар ҷиҳати ворид кардани фишори иловагӣ ба Маскав дар остонаи музокироти амниятӣ дар Женева аст.
Қувва ва тавоноӣ: нерӯҳои сулҳофари СААД дар Қазоқистон - акс
Аҳамият диҳед, ки нархи газ барои мошинҳо дар Қазоқистон дар ҳудуди 50-70 танга ё 0,11-0,16 доллар барои як литр буд ва ҳоло ҳам ин нарх боқист, афзоиши ҳатто дубаробарии нарх фалокатовар набуд. Федератсияи Русия бо Қазоқистон аз нигоҳи сатҳи зиндагӣ муқоисашаванда аст ва нархи як литр газ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар кишвари аввалӣ тақрибан 27 рубл ё 0,36 долларро ташкил медиҳад. Ин гуна амалҳои иғвогарона ба ҷуз "ҷиҳодиёни маҳаллӣ" ба кӣ фоида меоранд?
Рӯзи ҳафтуми январ нашрияи амрикоии “Breaking Defense” ба хонандагон дар бораи "даҳшати Путин” - буҳрони дигар хабар дод. Дар ин матлаб омадааст: “Ошӯб дар Қазоқистон тағйире дар барномаҳои Русия барои Украина ба вуҷуд меорад... Ин як унсури ошуфтаи ҷадид аст, ки Русияро мулзам мекунад кунад, то аз ҳама гуна нақшаҳои ҳамлаи низомӣ ба Украина даст кашад ва бо буҳрони дигар мубориза барад”.
“Ал-ҷазира” менависад, Қазоқистон "ба ҷуз аз Украина бояд ҷабҳаи дувуми зидди Русия мешуд", аммо ҳоло аз зери нуфузи Амрико дур мешавад.

Нокомии чандсамтӣ

Воқеахои драмавии ҳафт рӯзи гузашта дар воситаҳои ахбори омма ба таври кофӣ ва муфассал инъикос ёфтаанд. Рӯзи душанбе дар Алмаато, бино ба иттилои Кумитаи амнияти миллии ин кишвар, ду ячейкаи ифротгаро, ки аъзои онҳо (шаҳрвандони Қазоқистон ва хориҷӣ) дар ошӯбҳои рӯзҳои 4-8 январ дар ин шаҳр ширкат доштанд, маҳв шуданд.
Дар рафти кофтуков яроқу аслиҳаи оташфишон, норинҷак, патрон ва адабиёти динӣ мусодира шуд. Дар ҳудуди ин ҷумҳурӣ чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар ҷаласаи СПАД рӯзи 10-уми январ гуфт, ки ҷангҷӯён дар ҷараёни ошӯб сари ду сарбозро буридаанд. Албатта, ин "бизнес" кори осон нест, дар отрядҳои "ҷиҳодӣ" — дар минтақаҳои ҷанг машқ ва тамаркузи зиёди психологиро талаб мекунад.
Генерал Миршакар гуфт, низомиёни тоҷик дар Қазоқистон кадом объектҳоро ҳимоя мекунанд
Қаблан дар бораи тасарруфи Фурудгоҳи байналмилалии Алмаато аз ҷониби "муътаризон" ва мусодираи чанд ҳавопаймо, ҳамлаи мусаллаҳона ба шуъбаҳои пулис ва Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон, Академияи нерӯҳои марзбонӣ ва шаҳрдорӣ гуфта мешуд. Ин ба як эътирози осоишта монанд нест. "Инқилобиҳои касбӣ" аз қабл пули хуб мегирифтанд.
Дар марҳилаи назарраси омодагии пинҳонии террористон дар Қазоқистон, ки аз ҷиҳати вақт ва фазо муҳим аст, мутахассисони Кумитаи амнияти миллӣ ва пулис "хоб буданд" (чунон ки президент Тоқаев муайян кардааст). Қисмҳои ҳарбӣ, ки чамъ 135 ҳазор нафар "баёнет" доштанд, 2—3 январ, фавран баъди сар задани бетартибиҳо аҳолиро мухофизат накарданд. Албатта, артиш пулис нест, балки ҳимоятгари асосии мардум аст.
Воҳидҳои вокуниши сареи Қазоқистон воқеан шаҳрҳоро ба шӯришгарон доданд. Воҳидҳои десантии омӯзонидашуда танҳо рӯзи чаҳоруми январ ба мубориза бо террористон шуруъ карданд. Вазъи изтирорӣ аз панҷуми январ дар саросари Қазоқистон ҷорӣ шудааст. Амалиёти "Антитеррор" рӯзи ҳафтуми январ оғоз шуд.
Сомонаи Горди миллӣ (тақрибан 40 ҳазор нафар) аз 27 декабр то ба имрӯз ғайрифаъол буд, ҳарчанд қаблан хабаргузории “KazInform” онро "рақиби ҷавон, вале арзандаи нерӯҳои маъруфи десантии ҳавоӣ ё пиёдагарди баҳрӣ" номида буд.
Вазъияти 30 ҳазор корманди Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон ва Хадамоти амнияти раисиҷумҳур, 140 ҳазор сарбози нерӯҳои дохилӣ дар авоили моҳи январ чандон рӯшан нест.
Сиёсатшинос: вазъи Қазоқистон ба тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон таҳдид мекунад
Буҷаи сесолаи мудофиа (2020 - 2022), тибқи маълумоти Вазорати дифои Ҷумҳурии Қазоқистон, дар маҷмуъ 961 миллиард танга (2,55 миллиард доллар) буда, эҳтиёҷоти нерӯҳоро пурра қонеъ мекунад. Буҳрони низоми амнияти миллиро чӣ гуна шарҳ додан мумкин аст?
Тайи солҳои тӯлонӣ кадрҳои афсарӣ барои артиш ва дигар сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Қазоқистон дар Русия ва кишварҳои НАТО омода карда шудаанд. Чунон ки муаллифи ин сатрҳо ҳанӯз моҳи октябри соли гузашта қайд карда буд, чунин системаи таълими ҳарбӣ ногузир ба тактикаи бисёрвекторӣ дар ситод, номувофиқатӣ дар майдони ҷанг оварда мерасонад.
Ҳамкории оперативии афсарони қазоқро, ки дар чаҳор мактаби ҳарбӣ – русӣ, итолиёӣ, туркӣ ва амрикоӣ тарбият ёфтаанд, тасаввур кардан душвор аст.
Сарбозони воҳиди вокуниши сареи "Шерон" ("Аристан") дар МҶА (ЦРУ)ва БФТ (ФБР)-и Амрико, ВВНИ (воҳиди вижаи нерӯҳои Исроил), ХВҲ(Хадамоти вижаи ҳавоӣ) ва ГСГ-9 (воҳиди нерӯҳои махсуси Олмон) омӯзиш дидаанд.
Маълум шуд, ки кай нерӯҳои Тоҷикистон аз Қазоқистон хориҷ мешаванд
Ҳеҷ кас намедонад, ки дар пасманзари "инқилоби ранга" дар сари сарони низомиён, ки аз ҷониби демократияи Амрико ва ё ғояҳои туркии "Тӯрони бузург" "гардолуд" шуда буданд, чӣ гуна нақшаҳо ба вуҷуд омада метавонанд. Тавре ки дар авоили моҳи январи соли 2022 маълум шуд, ҳамкориҳои бисёрҷанбаи ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Қазоқистон бо НАТО дар баробари СПАД на танҳо манбаи зиддиятҳои консептуалии технологӣ, балки як мушкили воқеиву ошкори амнияти миллӣ дар ин кишвар мебошад.
Хушбахтона, барои мардуми Қазоқистон президент Тоқаев дар вазъияти душвор ба таври фаврӣ ягона қарори дурусте қабул кард. Ӯ барои кӯмак ба СПАД муроҷиат кард.

Нақши сулҳҷӯёнаи СПАД ва Русия

Дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои СПАД дар 10 январ президенти Русия Владимир Путин қайд кард:
- ҳуҷум ба Казокистон амали тачовузкорона буда, дар ин ҷумҳурӣ технологияҳои майдони "инқилобҳои ранга"-ро истифода бурданд;
- Қазоқистон бо таҳдид дар давлатдории худ мувоҷеҳ аст, ин аввалин ва охирин талоши дахолат аз берун нест, вазъ ба ҳамаи давлатҳои СПАД дахл дорад;
- ҳампайпонон дар СПАД тавонистаанд ба зудӣ вокуниш нишон дода, аз таназзули вазъ дар ин ҷумҳурӣ пешгирӣ кунанд;
- нерӯҳои посдори сулҳи панҷ кишвари СПАД тибқи Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ вориди қаламрави Қазоқистон шуданд ва то ба эътидол омадани вазъ, яъне муддати тӯлонӣ дар ин ҷумҳурӣ боқӣ хоҳанд монд;
- президент Тоқаев тавонист ҷомеа ва сохторҳои қудратиро муттаҳид созад, то ҷангҷӯёнро боздорад, вазъ дар Қазоқистон муътадил мешавад.
Пайдо шудани ҷасади ду мақомдори баландпояи амният дар Қазоқистон
Дар ҷануби ин ҷумҳурӣ сатҳи баландтарини таҳдиди террористӣ мушоҳида шуд. Ҳанӯз тирпаронӣ бо террористон дар наздикии Алмаато идома дорад, аммо оқибати "инқилоб"-и оркҳо аллакай хулосаи пешакӣ аст. Дар Қазоқистон дар иртибот ба ошӯб наздики 8000 нафар боздошт шуд. Даҳҳо ҷангҷӯи боздоштшуда шаҳрвандии хориҷӣ доранд.
Воҳидҳои нерӯҳои дастаҷамъии посдори сулҳ дар шаҳрҳои Нурсултон, Алмаато ва вилояти Алмаато мустақар шудаанд. Нерӯҳои сулҳи СПАД дар амалиёти ҷангӣ ширкат намекунанд, вазифаи асосии онҳо ҳифзи иншооти стратегӣ мебошад.
Масалан, десантони рус амнияти космодроми Байконурро, ки Русия то соли 2050 ба иҷора гирифта буд, таъмин мекунанд. Ҳарбиёни Ҷумҳурии Беларус аз бригадаи 103-уми нерӯҳои амалиёти махсуси Витебск дар Қапшагай ва фурудгоҳи Жетиген, ки мутаносибан дар 40 ва 60-километрии Алмаато ҷойгиранд, лавозимоти ҷангиро посбонӣ мекунанд.
Буҳрони Қазоқистон барои СПАД аввалин озмоиши мукаммал буд ва натоиҷи муқаддамотии вокуниши фаврӣ аз он шаҳодат медиҳад. Ба гуфтаи Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон, ин кишвар буҳрони шадидтаринро дар тӯли 30 соли истиқлоли худ аз сар гузаронд, зеро суқути Алмаато роҳро ба ҷангҷӯён барои тасарруфи ҷануб ва сипас тамоми кишвар боз мекард.
Тамринҳои СПАД вазъро дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ба эътидол оварданд
Аммо воқеот ин тавр сурат нагирифтанд, тамоми кишварҳои узви СПАД бояд аз “инқилоби орк”, ки дар Қазоқистон сурат нагирифт, хулосаи дуруст бароранд.
“Шарикон”-и ғарбӣ бо мушоҳидаи ҳайатҳои муҳофизи сулҳ дар амал бисёр чизҳоро фаҳмиданд. Русия ва дигар кишварҳои СПАД ба унвони кафили аслии сулҳ дар фазои пасошӯравӣ боқӣ хоҳанд монд.