ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон озмуни "Мураббии сол" дар арафаи анҷомёбист ва ҳоло панҷ довталаб миёни ҳам рақобат мекунанд.
Яке аз довталабони озмуни мазкур Гулрӯ Гулбекова мебошад, ки ба ҳайси мураббӣ дар Маркази инкишофи барвақтии кӯдак дар Хазинаи Оқохони шаҳри Хоруғ кор мекунад.
Чаҳор рақиби дигари ӯ аз шаҳрҳои Хуҷанду Бохтар ва Душанбею Турсунзода мебошанд.
Дафтари матбуотии Вазорати маорифи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 11 январ дар маҷлисгоҳи ин ниҳод озмуни ҷумҳуриявии "Мураббии сол" оғоз гардид ва дар маросими ифтитоҳи он вазири маориф Муҳаммадюсуф Имомзода низ иштирок кард.
Вазири маорифи Тоҷикистон ҳадаф аз баргузории озмуни мазкурро баланд бардоштани мақоми таҳсилоти томактабӣ дар шароити имрӯза ва нишон додани афзалияти таҳсилоти томактабӣ дар пешрафти ҷомеа арзёбӣ кард.
Зикр гардид, ки имсол панҷ довталаб аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ширкат варзида, маҳорату малакаи корбарӣ ва дониши педагогии худро нишон медиҳанд.
Манбаъ афзуда, ки ба даври ниҳоӣ мураббиҳо аз шаҳри Хоруғ, Хуҷанд, Бохтар, Душанбе ва Турсунзода роҳ ёфтаанд. Ин озмун рӯзҳои 11-13 январ дар муассисаи таҳсилоти томактабии №149-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гашта, маросими ҷамъбасти он дар Вазорати маориф ва илм сурат мегирад.