ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Коршиноси умури сиёсӣ Сергей Михеев гуфт, кӣ ба амнияти Осиёи Марказӣ хатар дорад.
Сиёсатшинос ҳамчунин дар суҳбат бо радиои Sputnik ба суолҳои зерин посух дод:
Толибон дар соли нав чӣ гуна рафтор хоҳанд кард? Оё амрикоиҳо кӯшиш мекунанд, ки дар кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон пойгоҳ ташкил кунанд? Кадом давлатҳо метавонанд ба равандҳои ҳамгироӣ дар атрофи Русия пайванданд?
Сергей Михеев гуфт, толибон дар Афғонистон дар сари қудрат боқӣ хоҳанд монд.
"Амрикоиҳо аз толибон шикаст хӯрданд ва натавонистанд сулҳро дар Афғонистон барқарор кунанд. Даргириҳо ва низоъ дар ин кишвар соли оянда ва шояд аз ин ҳам зиёдтар идома кунад, аммо толибон қудрати марказиро дар он ҷо нигоҳ хоҳанд дошт", - гуфт коршинос.
Михеев афзуд, ки "аз ин рӯ, мо ҳама бояд бо онҳо кор гирем, албатта, агар амрикоиҳо нахоҳанд дар он ҷо ягон чизи дигарро ташкил кунанд. Онҳо марказҳои таъсиррасон доранд ва аз ин тариқ метавонанд дар Афғонистон баъзе мушкилот эҷод кунанд".
Ба гуфти вай, бо таваҷҷуҳ ба сиёсати Ҷо Байден метавон гуфт, Иёлоти Муттаҳида ҳанӯз қасди бозгашт ба Афғонистонро надорад.
"Аз афташ, толибон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ намекӯчанд, вале онҳо метавонанд барои Покистони ҳамсоя, ки дар он ҷо паштунҳои зиёд зиндагӣ мекунанд, хатар эҷод кунанд".
Михеев бовар дорад, ки барои Осиёи Марказӣ он минтақаҳои Афғонистон хатар эҷод мекунанд, ки он ҷо тоҷикон ва ӯзбекҳо ба сар мебаранд. Ин минтақаҳо зери назорати гурӯҳҳои мухталиф қарор доранд ва дар он ҷо террористоне аз тамрин мегузаранд, ки қодир ба ворид шудан ба Осиёи Марказӣ ҳастанд”, - хулоса кард Михеев.