ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Корҳои тарбиявии ходимони дин дар кишварҳои ИДМ аксари вақт бинобар фишори аз ҳад зиёди мақомоти танзимкунандаи давлатӣ ба ихлоле рӯ ба рӯ мешаванд.
Дар ин бора муфтӣ Албир Крганов дар вокуниш ба изҳороти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ячейкаҳои хуфтаи гурӯҳҳои террористӣ дар кишварҳои СПАД изҳори назар кард. Ӯ ин назарашро дар суҳбат бо хабаргузории ТАСС баён намуд.
Ба бовари муфтӣ, барои муқовимат бо ақидаҳои ифротӣ иқдомоти ҳамоҳангшудаи мақомот ва рӯҳониён лозим аст.
"Ман худам медонам, ходимони муҳтарами динии мо кори бузургеро анҷом медиҳанд, ки эҳтироми бузург ба рӯҳониён аз он шаҳодат медиҳад. Аммо дар кишварҳои ИДМ мавзуи дигаре низ ҳаст, ки дар Русия чунин чизе вуҷуд надорад. Манзур ниҳодҳои назоратии давлатӣ ҳастанд. Барои мисол, Шӯрои корҳои динӣ, ки қаблан дар ИҶШС буд",- гуфт Крганов.
Вай қайд кард, ки аз як сӯ ин гуна шӯро "ба назар як ниҳоди хуб аст", аммо аз сӯи дигар "ба созмонҳои динӣ фишор меорад".
Ба андешаи ӯ, мансабдорони дунявӣ дар ин самт гоҳе аз муносибати сирф субъективӣ ва ғаразнок ба дин ва арзишҳои он бархӯрд мекунанд, ки ин метавонад боиси таҳкими ҳарчи бештари ифротгароии динӣ дар ҷомеа гардад.
Дар баробари ин Крганов чунин мешуморад, ки намояндагони рӯҳониён "бевосита дар хатти аввал бо халқ кор мекунанд" ва ақидаи онҳо барои ҷомеа хеле арзишманд аст.
"Дар ин ҷо лозим нест, ки барои онҳо монеа эҷод кунем, баръакс сарони давлатҳоро зарур аст, ба мансабдороне, ки дар сохторҳои шӯроҳои динӣ ва ё шабеҳи онҳо кор мекунанд, ба он таваҷҷуҳ кунанд, ки онҳо кори худро чӣ гуна ба роҳ мемонанд", - қайд кард ин шахсияти динӣ.
Ёдовар мешавем, дар нишасти ғайринавбатии СПАД раҳбари Тоҷикистон гуфт, ӯ аллакай борҳо сари мавҷудияти гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ таъкид кардааст, ки барои кишварҳои узв хатароти амниятиеро эҷод мекунанд.
Ин изҳорот дар ҷараёни баррасии ҳаводиси ахири Қазоқистон, ки куштаву захмиҳои зиёде дар пай дошт, садо дод.