Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти ғайринавбатии СААД мушкилоти доғи ин паймонро баррасӣ кард.
Роҳбари Тоҷикистон нахуст ба хонавода ва наздикони кушташудагон дар ошӯбҳои Қазоқистон изҳори ҳамдарӣ намуд.
"Тоҷикистон бо риояи уҳдадориҳои худ дар чаҳорчӯби СААД ба дархости раҳбарияти Қазоқистон дар бораи ироаи кумак дар рафъи хатари ба миёномада сари вақт вокуниш нишон дод", - таъкид кард Раҳмон.
Президенти Тоҷикистон афзуд, дар ҳайати нерӯҳои посдори сулҳи СААД намояндагони Вазорати дифои ҷумҳурӣ хидмат мекунанд. Ба гуфтаи раҳбари Тоҷикистон, ҳаводиси фоҷиабор дар Қазоқистон бори дигар собит мекунад, ки бояд корҳои ҳамаҷониба дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ пурзӯр карда шавад.
Ба назари президент, дар Тоҷикистон давоми 30 сол мубориза алайҳи терроризм ягон лаҳза мутафаққиф нашудааст. Президент ёдовар шуд, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон 150 ҳазор шаҳрванд кушта шуд.
Раҳбари давлат гуфт, ДИИШ* дар марзҳои шимолу шарқи Афғонистон нерӯ ҷамъ мекунад. Ба қавли ӯ, тибқи маълумоте, ки дар ихтиёри хадамоти махсус мавҷуд аст, ҳоло дар наздикии марзҳои ҷанубии СААД ҳудуди 6 ҳазор ҷангҷӯ ва беш аз 40 ячейкаи омӯзишии террористӣ ҷойгир шудаанд.
Дар робита ба ин вай хостори таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон тавассути эҷоди як “камарбанди амниятӣ” дар атрофи Афғонистон шуд.
*-созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия