Путин пас аз нишасти СААД ба Раҳмон занг зад: ҷузъиёти суҳбат

Президенти Русия бо раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон телефонӣ гуфтугӯ кард, хабар медиҳад сухангӯи раҳбари Русия Дмитрий Песков.
Рӯзи душанбе Владимир Путин дар видеоконфронси ғайринавбатии раҳбарони кишварҳои узви СААД вазъи Қазоқистонро баррасӣ кард.
Дар ҷараёни ин дидори маҷозӣ ӯ ва Раҳмон ба мувофиқа расиданд, ки пас аз видеоконфронс аз тариқи суҳбати телефонӣ масъалаҳои ҷориро баррасӣ кунанд.

"Имрӯз президент тамосҳои маъмулӣ дорад, дар ҷараёни нишасти сарони СААД бо Раҳмон телефонӣ суҳбат кард. Ин суҳбат баргузор шуд", - гуфт Дмитрий Песков.

Бино ба гузориши дафтари матуботии президенти Русия, кишвардорон дар ин суҳбат масъалаҳои марбут ба вазъи Қазоқистонро баррасӣ кардаанд.
Дар ин суҳбат кумаки саривақтӣ ва самаранок, ки тавассути СААД, тибқи муроҷиати роҳбарияти Қазоқистон расонида мешавад, зикр шудааст.
Путин ва Раҳмон ҳамчунин ба мушкили Афғонистон, бахусус вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дахл кардаанд.
Ҳамчунин дар бораи робитаҳои минбаъдаи ин ду кишвар дар сатҳҳои гуногун мувофиқа шудааст.
Путин ба Раҳмон гап дорад
Ёдовар мешавем, ки нишасти ғайринавбатии сарони кишварҳи узви СААД рӯзи душанбе аз тариқи видеоӣ баргузор шуд.
Раҳмон аз таъсири тундгароҳои исломӣ ба муҳоҷирон гуфт: "Ячейкаҳои хуфта"-е мавҷуданд
Дар ин нишаст президенти Русия Владмир Путин, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ва сарвазирони Арманистону Қирғизистон ширкату суханронӣ карданд.
Пешниҳоди Раҳмон: феҳристи ягонаи созмонҳои мамнуъ тартиб шавад