ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Шаҳрванди боздоштшудаи Қирғизистон бо мудохилаи президент ва раиси КДАМ-и ин кишвар Содир Ҷабборов ва Қамчибек Тошиев озод шуд. Номбурда ба гумони иштирок дар бетартибиҳои ахир дар Қазоқистон дастгир шуда буд ва видеои бозпурсии ӯ зуд ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.
Вале баъдан телевизиони "Qazaqstan", ки ин наворро нашр кард ва дар он як шаҳрванди Қирғизистон мегуфт, ки ба ӯ пул доданд, то дар ошӯбҳои ин кишвар иштирок кунад, пок кард.
Навори бозпурсии шаҳрванди Қирғизистон боиси интиқоди шадиди ҳамватанони ӯ гардид. Ба гуфтаи онҳо, боздоштшуда на террорист, балки Викрам Рӯзахонов, ҳунарманди шинохта аст, ки дар Қазоқистон пайваста барномаҳои консертӣ мегузаронд.
Зимнан ба ин қазия худи президент Содир Ҷабборов ва Қамчибек Тошиев раиси КДАМ низ мудохила намуда, ба бегуноҳии ӯ таъкид карданд.
Дар ҳамин ҳол КДАМ Қирғизистон хабар дод, ки Рӯзахонов озод гардидааст ва ба Бишкек интиқол меёбад. Ин манбаъ аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ намудааст.
Шабакаи телевизионии "Qazaqstan" навори бозпурсии ӯро пок кард, вале Вазорати адлияи Қирғизистон ба Додситонии кулл пешниҳод кардааст, ки аз рӯи далели шиканҷа алайҳи Рӯзахунов парвандаи ҷиноӣ боз кунад.