Ин нишаст ба воқеаҳои ахири Қазоқистон рабт дорад. Музокирот бо ташаббуси ҷониби Қазоқистон сурат гирифт.
Ҳамаи кишварҳои узви ин созмон ширкати худро дар он таъйид кардаанд ва онро Арманистон раисӣ мекунад.
Маълум аст, ки дар нишасти СААД президентони Русия ва Қазоқистон, Владимир Путину Қосимҷомарт Тоқаев ва ҳамзамон котиби СААД Станислав Зас иштирок мекунанд.
Қирғизистонро дар нишаст Оқилбек Ҷабборов намояндагӣ мекунад, зеро Содир Ҷабборов президенти ин кишвар феълан дар рухсатӣ қарор дорад.
Дар ҳоли ҳозир шаш кишвар узви ин иттиҳод мебошанд: Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон.