ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Мулоқоти раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Аҳмади Масъуд ва сарпарасти Вазорати умури хориҷии толибон Амирхон Муттақӣ баргузор шуд.
Дар ин бора Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷии Афғонистон дар суҳбат бо RTA хабар додааст.
Гуфта мешавад, ин дидор ё мулоқоти сиёсатмадорон дар Теҳрон баргузор шудааст.
Зимни суҳбат толибон аз Аҳмади Масъуд даъват кардаанд, ки ба Афғонистон бозгардад.
Амирхон Муттақӣ ба РТА гуфтааст, ба Ҷабҳаи мқовимат итминон доданд, ки бидуни ҳарос ба ватани худ баргарданд ва толибон кӯшиш мекунанд, ояндаи Афғонистонро ба тавре созанд, то барои касе барои дар мухолифат мондан сабаб намонад.
Бояд гуфт, дар ин сафар Муттақӣ ҳамчунин бо Шери Ҳирот, Муҳаммад Исмоилхон низ дидору мулоқот кардааст.
Бино ба гузориши Sputnik Афғонистон, толибон ба Исмоилхон дар ҳукумати нав мансаб пешниҳод кардаанд. Ҳамчунин толибон гуфтаанд, омодаанд, 20 намояндаи Исмоилхонро ба ҳукумати ҷадид ворид намоянд.
Зубайр Усмонӣ, фармондеҳи нерӯҳои Муҳаммад Исмоилхон қайд кардааст, ки Исмоилхон тасмимашро баъд аз ду моҳ мегирад. Вай гуфт, ӯ ин тасмимашро баъд аз мулоқот бо дигар чеҳраҳои сиёсии Афғонистон, аз ҷумла Атомуҳаммади Нур, Абдуррашид Дӯстум, Муҳаққиқ, Сайфӣ, Аҳмад Масъуд эълон хоҳад кард. Танҳо дар сурати розигии онҳо Шери Ҳирот пешниҳоди толибонро мепазирад.