ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Президенти Беларус Александр Лукашенко аз раҳбарони кишварҳои узви СААД даъват кард, ки ба Тоҷикистон бо техникаи ҳарбӣ кумак кунанд.
Лукашенко дар ин бора дар нишасти ғайринавбатии раҳбарони Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ибрози назар кард.
"Мо бояд дархости Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро иҷро кунем ва аз ҷумла, техникаи низомиро таъмин кунем, то ин кишвар ба сарнавишти Қазоқистон дучор нашавад", - гуфт раисҷумҳури Белорус.
Раҳбари Беларус аз ҳамкорони худ даъват кард, ки ин масъаларо дар алоҳидагӣ баррасӣ кунанд. Вай ҳамчунин қайд кард, ки дар оянда СААД-ро озмоишҳои ҷиддӣ интизоранд.
"Мо дар оянда бо чолишҳои ҷиддие рӯ ба рӯ мешавем. СААД-ро таҳким додан лозим аст. Бо оромӣ, ба таври мунтазам тамоми ҷузъҳои он ва пеш аз ҳама, иқтидори нерӯҳои сулҳоварро бояд тақвият бахшем", - гуфт Лукашенко.
Кишвардори Беларус ҳамчунин гуфт, агар аз ҳаводиси Қазоқистон ибрат нагиранд, ин метавонад такрор шавад.
Дар нишасти СААД президентони Русия ва Қазоқистон, Владимир Путину Қосимҷомарт Тоқаев, котиби СААД Станислав Зас, сарвазири Арманистон Никол Пашинян, нахуствазири Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат доранд.
Нишасти ғайринавбатии сарони давлатҳои узви СААД ба мавзуи амният дар Қазоқистон бахшида шудааст.
Эътирозҳо дар Қазоқистон
Эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон дар авоили моҳи январи соли 2022 оғоз шуданд. Сабаби эътирози мардум ду баробар боло рафтани қимати гази моеъ гуфта мешуд.
Комиссияи ташкилшудаи ҳукуматӣ омодагии худро барои коҳиш додани нарх эълон кард, аммо эътирозҳо ба шаҳрҳои дигар паҳн шуданд. Онҳо ба зудӣ ба бетартибиҳо, куштору ғорат ва ҳамла ба муассисаҳои давлатӣ табдил ёфтанд.
Дар пасманзари тезутунд шудани вазъ дар Қазоқистон вазъияти изтирорӣ ва манъи рафтуомад ҷорӣ, ҳамоишҳои оммавӣ ва фурӯши аслиҳа мамнуъ эълон шуд.
Раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ҳукуматро барканор карда, раёсати Шӯрои амнияти ҷумҳуриро бар уҳда гирифт, нахустин президенти ин кишвар Нурсултон Назарбоев аз ин мақом барканор шуд.
Илова бар ин бо дархости Тоқаев як гурӯҳ аз низомиёни кишварҳои узви СААД ба қаламрави ин кишвар ворид шуд.
Дар натиҷаи задухӯрдҳо талафоти зиёде дида мешавад, мақомоти қудратии ин кишвар аз боздошти аъзои гурӯҳҳои террористӣ хабар медиҳанд.
Ба иттилои СММ, дар ҷараёни эътирозҳо тақрибан 1000 нафар ҷароҳат бардошта ва зарар аз ин эътирозҳо аз 200 миллион доллар ҳам бештар гуфта мешавад.
Вазорати корҳои хориҷии Русия ҳодисаҳои Қазоқистонро як кӯшиши зӯроварӣ барои халалдор кардани амният ва якпорчагии давлат арзёбӣ мекунад.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ дар пасманзари нооромиҳо дар ин кишвар ба фаъолият шуруъ кардаанд.
То нуҳуми январ 508 нафар аз иштирокчиёни ҳамлаҳои террористӣ, ғоратгарӣ ва ҷиноятҳои дигар боздошт ва 22 аслиҳаи оташфишону 1412 дона тир мусодира шудааст.
Дар Қазоқистон кӯдакистону мактабҳо барои кӯдакони нобино таътил ва ҳамчунин таътили зимистонаи мактаббачагон то 17 январ ва донишҷӯён то 24 январ тамдид шуд.
Дар ошӯбҳо дар Қазоқистон ҳудуди 400 мақомдори қудратӣ ҷароҳат бардошт. 10 январ дар Қазоқистон рӯзи мотами миллӣ эълон гашт.