ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Яке аз кўчаҳои номнадоштаи микроноҳияи 28-уми шаҳр ба номи Кулолӣ (Юнусов Абдуфаттоҳ Юсуфҷонович) гузошта мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд.
“Дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд бо пешниҳоди комиссияи номгузорӣ ва ивази номи иншооти таърихию ҷуғрофии Мақомоти шаҳр яке аз кўчаҳои номнадоштаи микроноҳияи 28-уми шаҳр ба номи Кулолӣ (Юнусов Абдуфаттоҳ Юсуфҷонович) гузошта мешавад”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамзамон манбаъ илова кардааст, ки дар ин бора вакилони шаҳрӣ қарори дахлдорро қабул намуданд.
Шоир Абдуфаттоҳ Кулолӣ аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабиии ба номи Раҳим Ҷалил буда, муаслифи ячанд асарҳои илмӣ, адабӣ ва фарҳангию публитсистӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки мавсуф 16 августи соли 2020 дар синни 78 солагӣ ин дунёро падруд гуфтааст.