ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз иттиҳоми нави қаллобӣ алайҳи сокини 47-солаи пойтахт хабар дод, ки қаблан низ ба ин ҷурм маҳкум ба зиндон шуда будааст.
Ба иттилои манбаъ, ба идораи милиса дар ноҳияи Сино марди 32-сола, сокини ноҳияи Ҷайҳун муроҷиат намуда, арз доштааст, ки моҳи майи соли гузашта мавриди фиреби як сокини пойтахт қарор гирифтааст.
Муроҷиаткунанда изҳор доштааст, ки марди 47-сола, сокини Душанбе, ки қаблан бо моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ зиндонӣ шудааст, бо роҳи фиреб аз ӯ худрави "Тойота-кемри” ва 50 ҳазор сомонияшро гирифтааст. Таъкид шудааст, мард "Тойота"-ро 200 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда будааст.
ВУД афзуд, муттаҳам ваъда кардааст, ки ба ивази мошину пул ба сокини ноҳияи Ҷайҳун дар як бинои баландошёнаи навбунёди пойтахт манзили истиқоматӣ ба масоҳати 76,7 метри мураббаъ хона медиҳад.
Манбаъ мегӯяд, бо гузашти беш аз ним сол гумонбар на пулу мошин ва на хонаро ба сокини ноҳияи Ҷайҳун надодааст. Мақомот мегӯянд, феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти умури дохилии Душанбе мегӯянд, тайи 12 моҳи соли 2021 дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт нисбат ба соли пеш 311 адад ё худ 8,03% камтар ҷиноят содир шуд. Таъкид мегардад, ки аз ҷумла қаллобӣ низ дар пойтахт тайи соли гузашта 4,3 фоиз кам гардидааст.