ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Раёсати умури дохилӣ бархе соҳибмулкону маъмурони марказҳои дилхуширо дар халалдор кардани оромии сокинон муттаҳам карда, аз натиҷаи як рейд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, гурӯҳе аз моликони марказҳои дилхушӣ ва фароғатӣ бо мақсади ба даст овардани даромади иловагӣ берун аз вақти муқарраргардида фаъолият мекунанд.
Мақомоти Душанбе, аз ҷумла сокини 40-солаи ноҳияи Фирдавсиро мисол овардаанд, ки дар кӯчаи Ҷомии ноҳияи Сино марказии дилхушии "Дӯстӣ" дорад.
"Новобаста аз он ки барои иҷрои реҷаи корӣ расман огоҳонида шуда буд, берун аз соати муқарраргашта реҷаи кориро вайрон намуда, ба хидматрасонӣ машғул шудааст", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ки дар пайи чораандешӣ нисбати соҳибмулк ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз таъйин гардид.
Қаблан барои нақзи реҷаи корӣ аз татбиқи ҷазои маъмурӣ нисбати моликони тарабхонаи "Лондон", "Парасту" ва бархе муассисаҳои дилхушии дигар хабар дода шуда буд.