Ваъдаи Завқизода: Даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд мешавад

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ахиран дар як ҷаласаи корӣ ваъда додааст, ки дар давоми панҷ соли ояндаи даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Ахиран дар бинои Вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҷаласаи корие бо ҳузури вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқи Завқизода баргузор шуд, ки дар он барномаи рушди кишвар барои панҷ соли оянда баррасӣ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ин вазорат.
Тибқи иттилои манбаъ, Завқӣ Завқизода зимни ифтитоҳи ин ҷаласа ба ҳозирин гуфт, ки дар паёми раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба барномаи рушди кишвар барои 5 соли оянда таъкид шуд.
Вай гуфтааст, дар ин паём ҳадафу афзалиятҳо ва дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ муайян гардидаанд.
Подгузов: Энержӣ ва об манбаи аслии рушди иқтисод аст
“Аз ҷумла дар ин давра рушди иқтисодӣ на кам аз 7 фоиз таъмин гардида, беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд мегардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида шуда, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода мешавад”, - қайд кард вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.
Ҳамзамон вазири тоҷик афзуд, солҳои 2022-2026 дар Тоҷикистон солҳои рушди саноат эълон шуд.