Имсол низ мисли соли гузашта теъдоде аз хонаводаҳои овора дар Кобул аз фарорасии фасли сармо ҳарос доранд.
Ин афрод, ки ба далоили мухталиф маҷбур шудаанд, манзилҳои зисти худро тарк кунанд, дар ҳоли ҳозир дар манотиқи мухталифи Кобул, дар хаймаҳо ва биноҳои нимвайрона ба сар мебаранд.
Зиндагӣ дар фасли сармои зимистон бисёре аз ин хонаводаҳоро нигарон кардааст. Онҳо иддао доранд, ки кумакҳои кишварҳои берунӣ тавассути ниҳодҳои Вазорати муҳоҷирин ба афроди мустаҳиқ намерасанд.