Раҳмон ва Пашинян вазъи Қазоқистонро баррасӣ карданд

Эмомалӣ Раҳмон бо Никол Пашинян телефонӣ суҳбат карда, вазъи Қазоқистонро баррасӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 янв – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Арманистон, раиси Шӯрои амнияти СААД Никол Пашинян телефонӣ суҳбат кардааст, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Дар ҷараёни суҳбат ду ҷониб оид ба раванди рушди вазъият дар Қазоқистон табодули афкор кардаанд.
Гуфта мешавад, ки дар рафти ин суҳбат сиёсатмадорон, ҷонибдории худро дар ростои талошҳои роҳбарияти кишвари дӯст ҷиҳати барқарор намудани сулҳу оромӣ таъкид намуданд.
Дар ин зимн ҷонибҳо ҷараёни татбиқи қарори СААД-ро дар бораи ирсоли ҳайати муттаҳидаи сулҳофари Созмон ба Қазоқистон барои мусоидат ба ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини субот баррасӣ намудаанд.
Нерӯҳои Тоҷикистон ба Қазоқистон парвоз карданд
Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон ҳудуди 200 низомиро тариқи ҳавопаймои Русия ба Қазоқистон фиристод.
Интизор меравад, ки тоҷикистонӣ дар ҳайати нерӯҳои муштараки СААД ба таъмини тартибот дар Қазоқистон машғул хоҳанд шуд.
Маврид ба зикр аст, феълан кишварҳои узви СААД - Тоҷикистон, Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон мебошанд, ки аллакай бархеяшон интиқоли нерӯро ба Қазоқистон оғоз кардаанд. Ҳадафи ин созмон ҳифзи якҷояи давлатҳои узв аз таҷовузи низомию сиёсии хориҷӣ ва ҳамчунин аз ҳамлаҳои террористӣ арзёбӣ мегардад.
Қазоқистон дар ҳолати омодабош: эълони хатари дараҷаи сурх
Ҳамоишҳои эътирозӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли равон алайҳи болоравии нархи гази моеъ сар зада, баъдан ба бетартибиҳо ва даргириҳо печиданд, ки куштаю маҷруҳ барҷой гузоштаанд. Феълан дар Қазоқистон барои барқарорсозии тартиботи ҷамъиятӣ хатари дараҷаи сурх эълон гардидаст.