ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Ҳамасола то 100 муттаҳам дар ҷиноёт, ки таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд, аз тариқи "Интерпол" боздошту ба Тоҷикистон истирдод мегарданд.
Дар ин бора полковник Шаҳриёр Назриев, сардори бюрои байналмилалии "Интерпол" дар суҳбат бо нашрияи "Қонун ва ҷомеа"-и и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар додааст.
Назриев изҳор доштааст, ки феълан дар истеҳсолоти бюро парвандаи 3 ҳазоур 140 нафар қарор доранд, расман таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ мебошанд. Ӯ таъкид намудааст, ки раванди ҷустуҷӯ таҳти назорат қарор дошта, ҳамкорӣ бо кишварҳои узви дигари "Интерпол" дар ин самт идома дорад.
Зикр шудааст, ки Тоҷикистон дар ҷаласаи 73-юми Ассамблеяи генералии "Интерпол", моҳи октябри соли 2004 дар шаҳри Канкуни давлати Мексика ба ҳайси 182-юмин узви ин созмони байналмилалӣ пазируфта шуд.
Бюрои миллии марказии "Интерпол" дар Тоҷикистон бо қарори ҳукумат аввали соли 2005 таъсис дода шуд, ки феълан ба ҳамоҳангсозии кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи тоҷик ва ҳамкоронашон аз кишварҳои дигари узви ин созмон машғул мебошад.