ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. КҲФ мегӯяд, тармаи мавзеи Лаби Ҷар, ки ахиран роҳи мошингарди Рашт - Сангворро баста буд, тоза карда шудааст.
Ин ниҳод бо нашри як иттилоия гуфт, феълан роҳ пурра тоза карда шуда, ҳаракати мошинҳо барқарор шудааст. Таъкид шудааст, ки тарма харобӣ ва талафоти ҷонӣ дар пай надошт.
Манбаъ афзуд, ки қисматҳои осебпазири роҳҳои Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Хоруғ барои таъмини амнияти аҳолӣ аз ҳисоби наҷотдиҳандагон ва кормандони БДА постгоҳҳо ташкил гардидаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ҳушдор додаст, ки дар пайи гарм шудани ҳаво дар рӯзҳои ахир ва боришоти рӯзҳои пеш дар ноҳияҳои ВМКБ ва қаторкуҳҳои Ҳисор хатари фаромадани тарма зиёд аст. Аз ҷумла хатари фаромадани тарма, сангу рег ва яхбандӣ дар роҳҳои мошингарди Душанбе – Хуҷанд – Чанок, Душанбе – Рашт – Лахш, Душанбе – Сангвор, Кӯлоб – Дарвоз, Ванҷ – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб зикр шудааст.
Ин ниҳод ҳамчунин маслиҳат додааст, ки шаҳрвандон аз сафар ба минтақаҳои тармахез худдорӣ намоянду, муваққатан ба доманакӯҳҳо барои ҳезум, молчаронӣ ва шикор нараванд.