ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, шаҳрвандони кишвар миёни осебдидаҳои норомиҳои охир дар Қазоқистон сабт нагардидаанд.
ВУХ бо нашри як муроҷиатнома аз тоҷикистониён хостааст, аз сафар ба Қазоқистон худдорӣ намоянд.
"Аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Қазоқистон қарор доранд, хоҳиш мегардад, то ҳушёриро аз даст надода, аз ҷойҳои серодам канорагирӣ намоянд", - омадааст дар муроҷиатнома.
Таъкид шудааст, ки намояндагиҳои дипломатӣ, аз ҷумла сафорат дар Нур-Султон ва консулгарии генералӣ дар Алмато дар реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд. Зикр гардид, ки дипломатҳо бо диаспораҳои тоҷикон дар минтақаҳо дар иртибот мебошанд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба тамоми шаҳрвандони кишвар, ки феълан дар Қазоқистон қарор доранд, маслиҳат додааст, ки ҳолати фавқулоддаи эълоншударо риоя намоянд.
"Дар сурати ба мушкилӣ дучор гардидани шаҳрвандони Тоҷикистон, зарур аст, ки фавран ба телефони шабонарӯзии сафорат дар шаҳри Нур-Султон +77172240929 хабар диҳанд", - таъкид намудаст ВУХ.
Ҳамоишҳои эътирозӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли равон алайҳи болоравии нархи гази моеъ сар зада, баъдан ба бетартибиҳо ва даргириҳо печиданд, ки даҳҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузоштаанд. Феълан дар Қазоқистон барои барқарорсозии тартиботи ҷамъиятӣ ҳолати фавқулодда эълон гардидаст.
СААД бо дархости Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон ба ин кишвар нерӯҳои муштараки посдори сулҳ равон кард.