ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, роҳбари маркази дилхушии "Самира", ҳамроҳи посбонони ин муассиса ба ҳайси мизоҷ дар тарабхонаи "Малика"- и шаҳри Душанбе қарор дошта, даст ба бетартибӣ задаанд.
Ба иттилои раёсати умури дохилӣ, роҳбари 31-солаи "Самира" ҳамроҳи се нафар посбони ин маркази дилхушӣ шаби 3 январ дар ҳолати мастӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд.
Маъмурини милиса мегӯянд, дар пайи таҳқиқи ҳодиса муайян кардаанд, ки ин гуруҳи мизоҷон дар ҳолати мастӣ бо соҳибмулки тарабхонаи "Малика" муноқиша намуда, бо овози баланд дашномҳои қабеҳ доданд. Таъкид шудааст, ки дар дар баробари вайрон кардани тартибот ва оромии ҷамъиятӣ, шаъну шарафи ҳамдигарро низ паст задаанд.
РВУД афзуд, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбати роҳбару посбонони "Самира" санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, додгоҳи ноҳияи Сино нисбати ҳар кадомаш ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯзро татбиқ кардааст.