Интиқоли нерӯҳои СААД ба Қазоқистон: Онҳо чӣ кор мекунанд? - видео

Ҳавопаймоҳои низомии Русия ба интиқоли низомиёни посдори сулҳ оғоз кардааст, ки дар ҳайати нерӯҳои СААД ба таъмини тартибот дар Қазоқистон машғул мешаванд
Sputnik
Нерӯҳои посдори сулҳ аз Русия низомиёни воҳиди десанти ҳавоӣ мебошанд, ки тариқи ҳавопаймоҳо ба Қазоқистон интиқол дода шуданд. Таъкид шудааст, ки қисмҳои пешоҳанги нерӯҳои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аллакай ба иҷрои вазифаҳояш оғоз кардааст.
Владимир Зайниддинов, сухангӯи СААД, гуфт, нерӯҳои ин созмон ба ҳифзи идораҳои муҳими давлатӣ, иншооти низомӣ машғул шуда, ҳамчунин барои мақомоти ҳифзи тартиботи Қазоқистон низ кумак мекунанд.
Маълум шуд, ки Тоҷикистон чанд нафар низомиро ба Қазоқистон мефиристад
Дар маҷмуъ ба ҳайати нерӯҳои посдори сулҳ низомиён аз Тоҷикистон, Русия, Белорус, Арманистон ва Қирғизистон шомил мебошанд. Интизор меравад, ки ин нерӯҳо то ба эътидол омадани вазъ дар Қазоқистон боқӣ хоҳанд монд.
Ирсоли нерӯҳои СААД бо дархости Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон сурат мегирад. Интизор меравад, ки аз Тоҷикистон низ ҳудуди 200 низомӣ дар таъмини тартибот дар Қазоқистон ширкат менамоянд.
Ҳамоишҳои эътирозӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли равон алайҳи болоравии нархи гази моеъ сар зада, баъдан ба бетартибиҳо ва даргириҳо печиданд, ки даҳҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузоштаанд. Феълан дар Қазоқистон барои барқарорсозии тартиботи ҷамъиятӣ ҳолати фавқулодда эълон гардидаст.