Ғолибони озмуни "Шоҳин" дар Суғд маълум шуданд

Театри давлатии мусиқӣ-драмавии ба номи Туҳфа Фозилова дар шаҳри Конибодом барои дарёфти истеъдодҳои наврас озмун зери унвони "Шоҳин"-ро баргузор кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Ҳукумати вилояти Суғд мегӯяд, озмуни истеъдодҳои нав миёни наврасони аз 6 то 16-сола гузаронида шуд.
Ба иттилои манбаъ, иштирокдорон, ки теъдодашон аз 30 нафар зиёд буд, дар даври асосии озмун тариқи онлайн дар шабакаи Instagram баҳогузорӣ шуданд.
Озмун аз рӯи бахшҳо "Ҳаҷвнигорӣ", "Сурудхонӣ", "Рақс" ва "Навозиши асбобҳои мусиқӣ" сурат гирифта, дар натиҷаи овоздиҳӣ ва интихоби ҳайати ҳакамони озмун ғолибон эълон гардиданд.
Беҳтарин аксҳои соли 2021 аз ғолибони озмуни "Ҳайвоноти ваҳшии Русия-2021"
Барандаи ҷои аввал Дилшод Ҳомидов дониста шуда, Дилноза Бурҳониддинова дар ҷойи дуюм ва Олимҷон Алиев дар ҷойи сеюм қарор гирифтаанд. Соҳибони ҷойи аввал бо ноутбук, ҷойи дуюм бо планшет ва ҷойи сеюм бо дучарха қадрдонӣ шуданд, илова намуд дафтари матбуоти ҳукумат Суғд.
Мақомоти Суғд таъкид намуданд, ки мақсади баргузории озмун дарёфти истеъдодҳои нав ва таблиғи санъат миёни наврасон маҳсуб мешавад.