ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Гуруҳе аз эътирозгарон алайҳи болоравии нархи газ дар Алмато даст ба бетартибӣ зада, талош кардаанд, сангарҳои сохтаи мақомоти қудратиро бишкананд, хабар дод Sputnik Қазоқистон.
Ба иттилои манбаъ, алайҳи эътирозгарон, ки шумораашон ҳудуди ҳазор нафарро ташкил медод, норинҷакҳои нурию садоӣ ва газҳои ашковар истифода шудаст. Манбаъ афзуд, ки ба ҳолати нимишаби 5 январ теъдоди эътирозгарон дар майдон коҳиш ёфту бисёриҳо пароканда шуданд.
Дар ҳамин ҳол Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон, тавассути як муроҷиати видеоӣ эътирозгаронро ба хирадмандӣ даъват карда, изҳор дошт, ки гап сари нумӯи худи онҳо низ меравад. Ӯ шаҳрвандонро ба муколама хонда, изҳор дошт, ки тамоми талаботи қонунияшон баррасӣ мешаванду дар мавриди онҳо қарор қабул мегардад.
Раисҷумҳур изҳор дошт, ки 5 январ барои баррасии вазъ ҷаласа баргузор мегардад, ки дар он ҳамаи масоил мавриди муҳокима қарор мегиранд. Ҳамчунин президент ҳушдор додаст, ки даъватҳо барои ҳамла ба иншооти маъмурию низомӣ ғайриқонунӣ буда, ҷавобгарӣ дар пай доранд.
"Ҳукумат суқут намекунад, аммо барои мо даргирӣ лозим нест. Мо эътимоди тарафайну муколамаро кор дорем", - таъкид намуд президент.
Ба иттилои расонаҳо, эътирозҳо дар бархе аз шаҳрҳои дигар, аз ҷумла пойтахт - шаҳри Нурсултон низ рух дода, мақомот барои парокандасозӣ аз гази ашковар истифода намудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзҳои аввали соли равон бархе аз сокинони шаҳрҳои Жанаозен ва Оқтау дар вилояти Мангистауск алайҳи болоравии нархи гази моеъ, ки то ба 120 тенге сари як литр гарон шуд, ба ҳамоиши эътирозӣ баромаданд. Масъулини энергетика болоравиро ба он рабт доданд, ки нархҳо дар биржаи электронӣ ташаккул меёбанд. Президент дастур дод, ки барои баррасии масъала комиссияи махсус ташкил гардад. Мақомоти маҳаллӣ ваъда доданд, ки нархи гази моеъро то 50 тенге дубора поин мебаранд. Талаби дигари эътирозгарон раҳо кардани боздоштшудагон ҳангоми ҳамоишҳои эътирозӣ мебошад.