Фармони президент: эълони ҳолати фавқулодда дар пайи эътирозҳо дар Қазоқистон - видео

Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон, фармонҳо дар бораи эълони ҳолати фавқулодда дар вилояти Мангистауск ва шаҳри Алматоро имзо кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Ҳадафи фармонҳо барои эълони ҳолати фавқулодда ҷилавгирӣ аз ташаннуҷи минбаъдаи вазъ ва таъмини тартибот арзёбӣ шудаст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Қазоқистон, дар пайи шиддати вазъ, бо мақсади барқарорсозии қонунияту таъмини тартибот, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, президент фармонҳо дар бораи эълони ҳолати фавқулоддаро имзо намуд.
Таъкид шудааст, ки бар асоси асноди имзошуда, аз 5-уми январ соати 01:30 то соати 00:00-и 19-уми январ дар вилояти Мангистауск ва шаҳри Алмато ҳолати фавқулодда амал мекунад.
Аз эътироз ба бетартибӣ: вазъ дар Қазоқистон ва ваъдаи президент - видео
Зикр гардид, ки президент ба хирадмандии шаҳрвандон умед дошта, даъват мекунад, ки ба иғвоҳо аз дохилу хориҷ дода нашаванд.
Дар ҳамин ҳол гуруҳе аз эътирозгарон алайҳи болоравии нархи газ дар Алмато даст ба бетартибӣ зада, талош кардаанд, сангарҳои сохтаи мақомоти қудратиро бишкананд, хабар додаст Sputnik Қазоқистон.
Президент шаҳрвандонро ба муколама хонда, изҳор дошт, ки тамоми талаботи қонунияшон баррасӣ мешаванду дар мавриди онҳо қарор қабул мегардад.
Ба иттилои расонаҳо, эътирозҳо дар бархе аз шаҳрҳои дигар, аз ҷумла пойтахт - шаҳри Нурсултон низ рух дода, мақомот барои парокандасозӣ аз гази ашковар истифода намудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзҳои аввали соли равон бархе аз сокинони шаҳрҳои Жанаозен ва Оқтау дар вилояти Мангистауск алайҳи болоравии нархи гази моеъ, ки то ба 120 тенге сари як литр гарон шуд, ба ҳамоиши эътирозӣ баромаданд. Масъулини энергетика болоравиро ба он рабт доданд, ки нархҳо дар биржаи электронӣ ташаккул меёбанд. Президент дастур дод, ки барои баррасии масъала комиссияи махсус ташкил гардад. Мақомоти маҳаллӣ ваъда доданд, ки нархи гази моеъро то 50 тенге дубора поин мебаранд. Талаби дигари эътирозгарон раҳо кардани боздоштшудагон ҳангоми ҳамоишҳои эътирозӣ мебошад.