Дуздӣ дар бозори "Корвон" ва дорухонаи Данғара: Муттаҳамон муайян шуданд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ошкор шудани ду ҳолати дуздӣ хабар додааст, ки яке дар бозори "Корвон"-и шаҳри Душанбе ва дигаре дар ноҳияи Данғара рух додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Маъмурини милиса мегӯянд, дуздӣ дар дохили бозори "Корвон" пеш аз зуҳри 3 январ рух додааст.
Ба иттилои ВУД, ба идораи милиса дар ноҳияи Фирдавсӣ, марди 53-сола муроҷиат карда, арз доштааст, ки 3 январ шахсони номаълум дар "Корвон" ду адад зинапояи 12-метриро дуздидаанд. Зарари расонидашуда 8 ҳазор сомонӣ арзёбӣ гардид.
Манбаъ афзуд, ки дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ду марди 45-сола ва 46-сола, ки қаблан низ суд шудаанд, бо гумони даст доштан дар ин ҷиноят дастгир гардиданд.
Милиса дуздию ғоратгариро дар бозорҳо ошкор кардааст
Ҳодисаи дигари дуздӣ дар ноҳияи Данғара рух додааст, ки афроди номаълум аз дорухонаи марди 38-сола доруҳои гуногун ба маблағи 45 ҳазор сомониро дуздидаанд. Ба иттилои ВУД, ҳодиса нимишаби 4 ба 15-уми октябри соли гузашта рух додаст, аммо омилони он танҳо ҳозир муайян гардидаанд.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, бо иттиҳоми дорудуздӣ ду ҷавони 31 ва 22-сола, сокинони ноҳияи Кӯшониён боздошт гардиданд. ВУД Тоҷикистон афзуд, ки феълан таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.
Назари гумонбарон ва ҷониби ҳимояашон дар бораи иттиҳоми мақомот маълум нест.