ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Марди 34-сола, сокини ноҳияи Фирдавсӣ иддао дорад, ки туъмаи фиреби ҷавоне қарор гирифтааст. Ӯ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ додхоҳӣ кардааст.
Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, муроҷиаткунанда дар идораи милиса арз доштааст, ки марди 27-сола, сокини ноҳияи Восеъ ба маблағи калон ӯро фиреб додааст.
"Муроҷиат кардааст, ки 19-уми июли соли 2021, марди 27-солаи сокини ноҳияи Восеъ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1 миллиону 165 ҳазору 353 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст", - омадааст дар иттилоия.
Мақомоти умури дохилӣ таъкид намудаанд, ки феълан аз рӯи ин қазия таҳқиқот идома дорад. Назари ҷониби муттаҳам дар бораи ин даъво маълум нест.
Ин дар ҳолест, ки дар сомонаи ВКД хабарҳо дар мавриди ҳолатҳои қаллобӣ зиёд нашр мешаванд. Бисёри ин ҳолатҳои фиребкорӣ ҳангоми хариди хонаю мошин ва ё дигар муомилоти пулию тиҷорӣ рух медиҳанд.
Аз ҷумла мақомоти умури дохилӣ ҳолатҳоеро сабт мекунанд, ки афроди алоҳида мошинро аз соҳибон аз тариқи нася мегиранду баъдан на маблағро бармегардонанду на воситаи нақлиётро.