Телевизиони марказии Чин дар арафаи 30 - юмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Чин навореро дар бораи ҳамкориии ду кишвар намоиш дод.
Ин навор ҳарчанд се дақиқа тӯл мекашад, вале дар сомонаи телевизиони марказии Чин аз ҷониби 300 ҳазор нафар тамошо карда шуд.
Дар навор зикр шудааст, ки 30 сол қабл Чин яке аз нахустин давлатҳое буд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва бо он муносибатҳои дипломатиро барқарор кард.
Аз навор маълум аст, ки муносиботи Чину Тоҷикистон қариб дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, маорифу тандурустӣ, энергетика ва саноат ривоҷ ёфтааст. Интизор меравад, гардиши мол миёни Чин ва Тоҷикистон солҳои оянда беш аз 3 миллиард долларро ташкил диҳад.
Ёдовар мешавем, чанде қабл роҳбарони ҳар ду давлат низ бо ирсоли барқияи шодбошӣ ҳамдигарро ба муносибати 30 -юмин солгарди таъсисёбии муносибатҳои дипломатӣ муборакбодӣ намуданд.