ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Коршиносони Институти бемориҳои сироятӣ дар Марсел (IHU) як штамми нави коронавирусро кашф карданд. Дар ин бора дар як таҳқиқоте, ки дар портали чопи мақолаҳои илмӣ дар соҳаи тиб MedRxiv нашр шудааст, гуфта мешавад.
Тавре ки дар мақола омадааст, штамм нав дар 12 сокини маҳаллӣ муайян карда шуд. Санҷишҳо барои муайян кардани мутатсияҳое, ки аз шаҳрвандон гирифта шудаанд, "комбинатсияи ғайриоддӣ" нишон доданд.
Қайд карда мешавад, ки штамми нав бори аввал моҳи ноябри соли 2021 дар байни сайёҳоне, ки аз Камерун бармегарданд, муайян карда шудааст. Ҳамакнун навъи нави коронаиврус B.1.640.2 ном гирифт.
Маълумот дар бораи сатҳи таҳдид ё сирояти он ҳанӯз гузориш нашудааст. Қобили зикр аст, ки тибқи омор, сатҳи ваксиназанӣ дар Камерун тақрибан 3% -ро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, президенти Академияи илмҳои Русия (РА) Александр Сергеев гуфт, ки пандемияи коронавирус аз соли 2022 ба режими эпидемияи мавсимии зуком ворид мешавад.
Ёдовар мешавем, ки навъи қаблии коронавирус бори аввал дар Африқои Ҷанубӣ кашф шуд ва он омикрон ном гирифт.