ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд як мансабдори давлатӣ ҳинни гирифтани пора ба дасти кормандони Оҷонсии зидди фасод афтодааст.
Ин ниҳод бо нашри иттилоия аз боздошти мансабдори давлатӣ зикр намудааст, ки номбурда дар асоси қарори раиси шаҳри Хуҷанд, Фирдавс Шарифзода ба мақоми директори "Маркази дастгирии оила ва кӯдак" таъйин шуда буд.
Манбаъ меафзояд, боздоштшуда барои омода кардани ҳуҷҷатҳо ва додани тавсифномаи мусбат дар суд ҷиҳати имконпазир будани ба фарзандхонӣ қабул шудани ноболиғ аз як корафтода 15 000 сомонӣ талаб намудааст.
Гуфта мешавад, диретори ин муассиса 10 000 сомониро гирифта, ҳинни гирифтани боз 5000 сомонии боқимонда ба дасти кормандони оҷонс афтодааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати В.А.Ҳ. бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.
Оҷонсии зидди фасод тавзеҳ дод, ки пас аз анҷоми тафтишоти пешакӣ, парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол шуд. Ҳоло назари боздоштшуда ва ҷониби ҳимояи ӯ маълум нест.