ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Намояндаи вижаи масъалаҳои АвруОсиё Шӯрои давлатии Чин Ли Хуэйро ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад ВУХ Тоҷикистон.
Ин мулоқот, дар остонаи 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Чин, баргузор гардид.
Дар ин дидор таъкид шудааст, ки Чин яке аз аввалин кишварҳо буд, ки 4 январи 1992 истиқлолият ва соҳибихтиёрии Тоҷикистонро эътироф кард.
Онҳо бо қаноатмандӣ қайд кардаанд, ки дар давоми се даҳсола муносибатҳои ду кишвари дӯст роҳи тӯлониро тай намуда, пур аз рӯйдодҳои муҳим буданд ва ба шарофати талошҳои муштарак ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ расидаанд.
"Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин масъалаҳои рушди муносиботи дуҷонибаро баррасӣ карда, зарурати амалисозии тавофуқоти роҳбарони ду кишварро бобати тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои мухталиф таъкид намуданд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки дар ин дидор ба тавсеа ва таҳкими баъдии робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмию техникӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату энергетика ва фарҳангу маориф таваҷҷуҳи хос зоҳир гардидааст.
Инчунин дар масъалаҳои марбут ба тавсеаи муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва вазъи амнияти минтақа табодули афкор сурат гирифтааст.