ДУШАНБЕ, 2 янв - Sputnik. Гилермо Пике, муовини собиқи вазири умури хориҷаи Итолиё, дар Twitter акси Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони миллиро мунташир карда ва навишт, ки соли навро "ба охирин такягоҳи муқовимат дар Афғонистон ва Панҷшер алайҳи ваҳшигариҳои толибон бахшидааст".
"Умедвора, ки соли 2022 соли ҳалкунанда ва муваффақ хоҳад буд. Поянда бод Ҷабҳаи муқовимат", - навиштааст ӯ.
Ин сиёсатмадор гуфтааст, оғози соли 2022-ро ба ҳамаи онҳое, ки барои озодӣ мубориза мебахшад. Аз Ҳонконг то Панҷшер ба мо ҷаҳони озодтар, бехатартар ва одилонатар лозим аст.
Мавриди зикр аст, ки Гилермо Пике аз соли 2018 то соли 2019 дар кобинаи Конте ба ҳайси муовини вазири корҳои хориҷии Итолиё кор кардааст.
Пас аз суқути Кобул дар таърихи 15 авкуст ба дасти толибонАҳмад Масъуд аз ташкили Ҷабҳаи муқовимати милли дар Панҷшер хабар дод ва муборизаро оғоз кард.
Бо вуҷуди ин, Ҷабҳаи муқовимат ва толибон дар аввал вориди музокира шуданд, аммо пас аз нокомии музокирот, ҷангиён ба Панҷшер ҳамла карданд ва пас аз чанд рӯз эълом карданд, ки ин вилоятро комилан таҳти назорат гирифтаанд.
Аммо нерӯҳои муқовимати миллӣ мегӯянд, ки Панҷшер комилан суқут накардааст ва муқовимат идома дорад.