ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Соли 2021 пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон намунаҳои зиёди техника ва силоҳҳои муосир дарёфт кард, омадааст дар иттилоияи дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии харбӣ.
Хамаи масолех мувофики накшаи мусаллахшавии кушунхо оварда шуд. Намояндагони Округи марказии харбй дар байни техника танкхои модернизацияшудаи Т-72Б3М ва мошинхои чангии пиёдагарди БМП-2М-ро махсус кайд мекунанд.
Ҳама воридоти техника мувофиқи нақшаи мусаллаҳшавии қушунҳо оварда шуд. Намояндагони Ҳавзаи марказии харбӣ миёни техникаҳои низомии воридгашта, танкҳои навини Т-72Б3М ва мошинҳои ҷангии пиёданизоми БМП-2М-ро махсус қайд мекунанд.
"Маҷмӯаи автоматҳои нави АК-12, системаҳои муосири сайёри зиддиҳавоӣ ПЗРК) "Верба", снайперҳои калонкалибри АСВК-М" Корд ", пулемиётҳои НСВ "Утес", "пулемётҳо, зидди танк системаҳои мушакии "Корнет" ворид карда шуд", - шарҳ додааст хадамоти матбуотӣ дар бораи таъмини силоҳ дар пойгоҳ.
Пойгоҳ ғайр аз техникаи ҷангии дар боло номбаршуда устохонаҳои хизматрасонии техникӣ ва челонгарӣ барои таъмири техника ва ярок дар шароити саҳроиро дастрас кард.
Барои таҳкими қисмҳои артиллерия комплекси сайёри радарии иктишофӣ ва назорати оташфишонии "Аистенок" оварда шуд. Дастгоҳ барои кашфи мавқеъҳои силоҳи оташфишони душман, ҳисоб кардани масири партобҳо пешбинӣ шудааст.
Тибқи иттилои ситоди Ҳавзаи марказии ҳарбӣ, дар маҷмӯъ, соли 2021 беш аз 50 воҳиди нав ва навсозии техникаи ҳарбӣ дар пойгоҳи 201-ум ба хидмат даромад.
Пойгоҳи 201-уми низомӣ, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, бузургтарин иншооти низомии Русия дар берун аз марзи он аст. Он дар ду шаҳр - Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудааст.