ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Муҳоҷирони кории ғайриқонунӣ аз 1 январи соли 2022 аз Русия ихроҷ мешаванд. Ин тағирот аз он сабаб сурат гирифт, ки чораҳои муваққатии бо дастури президенти Русия Владимир Путин ҷоришуда барои коргарони хориҷӣ 31 декабри соли 2021 ба охир расид.
Ҳоло дар Русия муҳоҷирони ғайриқонунӣ барои фаъолияти меҳнатии ғайриқонунӣ, илова бар ҷарима, интизори чораҳои марбут ба ихроҷ аз Русия ва манъи вуруди бозгашт ҳастанд.
Дар корхонаҳои корфармоёне, ки қонуншиканӣ ошкор мешавад, барои ҳар як муҳоҷири кории ғайриқонунӣ то 800 ҳазор рубл ҷарима хоҳанд шуд.
Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия тавсия додааст, ки хориҷиёне, ки ҳуҷҷатҳои кор дар Русия надоранд, пешакӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат кунанд.
Қобили зикр аст, ки қаблан барои як қатор шаҳрвандони хориҷӣ имтиёзҳо вуҷуд доштанд: шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Молдова ва Украина метавонистанд барои гирифтани патент бидуни назардошти талаботи мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва ҳадафи эъломшудаи вуруд ба Русия муроҷиат кунанд.
Ёдовар мешавем, ки аз 29 декабри соли 2021 аз хориҷиёне, ки ба Русия барои беш аз 90 рӯз омадаанд, бояд изи ангушт супоранд ва аксбардорӣ шаванд.
Ин расмиёти муҳоҷирон бояд дар давоми 3 моҳ ва онҳое, ки бо мақсади кор ба Федератсияи Русия омадаанд, давоми 30 рӯз ҳангоми гирифтани патент барои кор бояд анҷом диҳанд
Гирифтани изи ангушт ва аксбардорӣ бояд як маротиба анҷом дода шавад. Барои ин шаҳрвандони дигар давлатҳо бояд ба мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат кунанд.