ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба иттилои шаҳрвандони Тоҷикистон мерасонад, ки як қатор тағйиру иловаҳо ба қавонини Русия ворид шуда буд, аз 29 декабри соли равон мавриди амал қарор мегирад.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки дар қавонини муҳоҷиратии Русия будубош вобаста ба фаъолияти меҳнатӣ, таҳсил, шахсӣ, сайёҳӣ, меҳмонӣ, тиҷоратӣ, иқомати муваққатӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба шаҳрвандони хориҷӣ, азҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба қаламрави Русия ворид мегарданд, тағийротҳо ворид карда шудааст.
“Шаҳрвандони хориҷӣ бояд пеш аз сафар ба Русия ба қонунҳои амалкунанда шинос гардида, ҳангоми ворид шуданд ба ҳудуди ин кишвар талаботҳои қонунгузории ин кишварро риоя намоянд”, - таъкид доштааст манбаъ.
Тибқи қавонон шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ ба қаламрави Русия ворид мешаванд, бояд дар муҳлати 30 рӯзи тақвимӣ худро аз қайди ҳатмии давлатии изи ангушт (дактилоскопия) ва аксбардорӣ гузаронанд.
“Бақайдгирии ҳатмии давлатии изи ангушт ва аксбардорӣ ҳангоми супоридани бастаи ҳуҷҷатҳо барои дарёфти иҷозати фаъолияти меҳнатӣ (патент) амалӣ карда мешавад”, - қайд кардааст намояндагии вазорати меҳнат.
Ҳамзамон, қавонин шаҳрвандоне, ки ба ғайр аз фаъолияти меҳнатӣ ба қаламрави Русия ворид мешаванд ва беш аз 90 рӯзи тақвимӣ дар қаламрави Русия будубоши муваққатӣ доранд, қайди ҳатмии давлатии изи ангушт (дактилоскопия) ва аксбардорӣ барои онҳо низ татбиқ карда мешавад.
Манбаъ ёдрас шудаааст, ки шаҳрвандони хориҷии аз 6 сола боло дар қайди давлати изи ангушт ва аксбардорӣ иштирок менамоянд.
Намояндагӣ илова кардааст, ки шаҳрвандони хориҷие, ки на ба мақсади фаъолияти меҳнатӣ ба қаламрави Русия ворид мегарданд, дар муҳлати 90 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи воридшавӣ ба қаламрави ин кишвар уҳдадор мешавад, ки аз ташхиси тиббӣ оид ба надоштани истеъмоли маводи мухаддир ва маводи психотропӣ ва ҳамчунон касалиҳои сироятӣ, аз қабили ВНМО дар муассисаҳои тиббии ҳудуди Федератсияи Россия аз ташхиси тиббӣ гузаранд.
Намояндаги ин ниҳоди давлатӣ дар шаҳри Маскав шаҳрвандлони хориҷие, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ ба қаламрави Русия ворид мешаванд, дар муҳлати 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи воридшавӣ ба кишвар уҳдадоранд, ки аз ташхиси тиббӣ оид ба надоштани истеъмоли маводи мухаддир, маводи психотропӣ ва набудани мавҷудияти касалиҳои сироятӣ, аз қабили ВНМО дар муассисаҳои тиббии ҳудуди Федератсияи Россия аз ташхиси тиббӣ гузаранд.
“Тибқи талаботи қонуни мазкур муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо уҳдадор мешаванд, ки ҳангоми ворид шуданд ба ҳудуди Федератсияи Россия талаботҳои қонуни мазкурро риоя намоянд”, - зикр намудааст манбаъ.