ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Заминларза субҳи рӯзи шанбе дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Маркази сейсмологии Аврупо ва Баҳри Миёназамин .
Гуфта мешавад, заминларза соати 7:17 ба вақти Душанбе рух додааст.
Ба иттилои манбаъ, шиддати заминларза 4,2 балл буда, дар чуқурии 108 киллометр рух додааст
Маркази заминларза дар 69-километрии шимолу ғарби шаҳраки Мурғоб воқеъ будааст.
Дар бораи талафот ва хисорот маълумоте нест.
Заминларза тавассути асбобҳои пойгоҳҳои зилзиласанҷи Русия, Олмон ва ИМА низ сабт шудааст.
Қобили зикр аст, ки дар охири соли 2021 Вазорати ҳолатҳои изтирории Узбекистон ба ин суол посух дод, ки чаро кишварҳои Осиёи Марказӣ ин зуд-зуд меларзанд.
Коршиносон тавзеҳ доданд, ки дар минтақа заминларзаҳои зиёд рух медиҳанд, вале аксари онҳо танҳо тавассути технология сабт мешаванд.
Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба рӯйхати минтақаҳои аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол шомил аст.