Талоши Покистон барои эҷоди пойгоҳ дар Нимрӯз: Толибон монеъ шуд

Манобеъ дар вилояти ҷануб ғарбии Нимрӯз мегӯяд, ки нерӯҳои толибон аз насби симхордор ва эҷоди пойгоҳ тавасути нерӯҳои Покистон дар дохили хоки кишвар, ҷилавгирӣ карда шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Як манбаъ иттилоъ додааст, ки нирӯҳои покистонӣ ин амалиётро дирӯз дар минтақаи Деки ноҳияи Чаҳор Бурҷаки Нимрӯз анҷом додаанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба рӯзномаи “Ҳашти Собҳ”.
Ин манбаъ афзудааст, ки пас аз дарёфти иттилоъи дақиқ нерӯҳои марзбонии толибон барои ҷилавгирӣ аз ин ҳодиса дахолат карданд.
Ин манбаъ гуфтааст, ки нирӯҳои покистонӣ ҳудуди 10-15 километр дохили хоки Афғонистон шуданд ва мехостанд пойгоҳе таъсис диҳанд.
Бо ин ҳол ба гуфтаи ин манбаъ, васоил ва симхордор марбут ба нерӯҳои покистонӣ аз онон ба ҷо монд ва нерӯҳои толибон монеи ин коор шуданд.
Мақомоти маҳаллӣ то ҳол дар ин бора изҳороте мунташир накардаанд.
Ёдрас менамоем, ки моҳи август толибон ҳукумат дар Афғонистонро ғасб ва нерӯҳои амрикоӣ низ шаби 31-уми август Кобулро тарк карданд.
Моҳи сентябр толибон эълон кард, ки охирин вилояти Афғонистон - Панҷшер таҳти назорати он қарор гирифтааст.
Баъдтар ҳайати хукумати муваққатии Афгонистон эълон шуд. Раҳбарии онро Муҳаммад Ҳасан Охунд бар уҳда дорад, ки дар замони ҳукмронии нахустини толибон вазири хориҷа буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.