ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳии Ёддошти мазкур бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ташкилоти сайёҳӣ, мубодилаи иттилоот, омода кардани мутахассисони соҳибтаҷриба дар соҳаи сайёҳӣ, гузаронидани чорабиниҳои тарғиботӣ барои муаррифии зарфияти сайёҳӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба иммзо расидааст.
Иттилоъ дода шудааст, ки Ассотсиатсияи туризми дар ҷомеа асосёфтаи Тоҷикистон (TATOS) ассотсиатсияи ҷавонест, ки дар Тоҷикистон бо мақсади рушди сайёҳии ҷамоавӣ сабти ном шудааст.
Сайёҳии ҷамоавӣ як намуди сайёҳиест, ки дар он сокинони маҳаллӣ бо бунёди меҳмонхонаҳои хурд, дӯкону мағозаҳои фурӯши ҳунарҳои дастӣ, нигораҳо ва армуғонҳои миллӣ нақши муассир мегузоранд.
Сайёҳии ҷамоавӣ феълан дар ҷаҳон ҳамчун стратегия барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ истифода мешавад.
Ёдрас менамоем, ки қаблан раиси Комитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон аз хисорати беш аз 174-миллиондолларии бахши сайёҳии кишвар дар соли 2020 бар асари ҳамагирии корона хабар дода буд.
Ҷӯразода гуфт, дар солҳои гузашта даромади бахши сайёҳӣ 230 - 205 миллион доллар дар сол ё 2, 5 дарсад аз тавлиди нохолиси дохилиро ташкил медод, аммо дар соли 2020 милодӣ ин шохис ба як дарсад аз тавлиди нохолиси дохилӣ коҳиш ёфта ва 72, 6 миллион долларро ташкил додааст.
"Дар натиҷаи пандемия, даромади ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, пансионатҳо, тарабхонаҳо ва муассисаҳои хӯроки умумӣ, инчунин аҳолӣ, ки ба сайёҳон хидмат мерасонанд, хеле коҳиш ёфтааст”, - афзуда буд Раиси Комитати рушди сайёҳии Тоҷикистон.
Ҷӯразода ҳамчунин гуфта буд, ки соли 2020 беш аз 410 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ бо аҳдофи мухталиф вориди Тоҷикистон шудааст, ки 909 ҳазору 100 нафар ё 69 дарсад камтар аз соли 2019 будааст.
Ба гуфтаи раиси Комитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, дар қаламрави кишвар 224 ширкати гардишгарӣ фаъолият мекунад ва ҳич яке аз онҳо дар соли 2020 бо вуҷуди давраи душвори пандемия ва коҳиши даромад фаъолияти худро қатъ накардааст.