Эътирози мардуми Бадахшони Афғонистон аз болоравии нархи маводи ғизоӣ- видео

Болоравии қимати маводи ғизоӣ дар Бадахшон пойи мардумро ба вилоят кашонд
Sputnik
Садҳо тан аз сокинони Бадахшон ҳамарӯза дар муқобили бинои мақомоти вилояти Бадахшонт ва дафтари Созмонҳои башарӣ ва кумакрасон таҷамӯъ намуда хостори кумак мешаванд.
Ин афрод мегӯянд, ки бо фаро расидани фасли сармо, агар кумак накунанд, ҷони худро аз даст хоҳанд дод.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Созмони Миллали Муттаҳид эълом карда буд, 23 миллион нафар дар Афғонистон бо хатари гуруснагӣ ва фақри шадид мувоҷеҳ аст.
СММ эълом кард, ки хонаводаҳои бесарпаноҳ дар Афғонистон ба либоси гарм, сӯзишворӣ барои гарм нигоҳ доштан, маводи ғизоӣ ва дору ниёз доранд.
“Буҳрони башарӣ рӯз аз рӯз дар Афғонистон зиёд мешавад ва гуруснагӣ дар ин кишвар ба сатҳи бесобиқа расидааст”, - афзуд СММ.
СММ инчунин аз осибпазирии кудакони афғонистонӣ ҳамзамон бо афзоиши мушкилоти ин кишвар ҳушдор дод.
СММ ҳушдор дод, ки як миллион кудак дар Афғонистон бо хатари марг рӯ ба рӯ шудааст.