ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Абдухалил Ғафурзода, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон дар суҳбат бо АМИТ “Ховар” таъкид доштааст, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф — сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.
Ӯ зарур донистааст, ки бо мақсади рушди соҳа роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
“Дар даврони истиқлолият барои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ зиёда аз 315 ҳазор мутахассисони равияи омӯзгорӣ, аз ҷумла 115 ҳазор нафар дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ тайёр карда шудаанд. Таъминнокии муассисаҳои таълимии кишвар бо кадрҳои омӯзгорӣ, дар маҷмӯъ, 98,7 фоизро ташкил медиҳад”, - қайд намудааст Абдухалил Ғафурзода.
Вай афзуд, ки таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳими Ҳукумати Тоҷикистон дар самти рушди илму маориф аст.
Вай иттилоъ дод, ки ҳоло дар хориҷи кишвар зиёда аз 42000 нафар донишҷӯ, магистр ва аспирантҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
“Бино бар ин, имрӯз мо, аҳли маориф, махсусан омӯзгоронро зарур аст, ки дар рушди ин соҳа нақши назаррас гузорем, дар тарбияи мутахассисони ҷавон ҳисса гузошта, барои омода намудани кадрҳои баландихтисосе, ки дар миқёси ҷаҳонӣ рақобатпазир бошанд, кӯшиш намоем”, - афзуд ректори Академияи идоракунии давлатӣ.
Вай қайд кард, ки зарур аст, ба масъалаи таълиму тарбия аҳамияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро беҳтар кунем ва барои таъмини таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда тавонем.
“Моро зарур аст, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши донишҷӯён, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарастӣ тарбия намудани насли навраси кишвар кӯшиш намоем”, - илова кард Абдухалил Ғафурзода.