ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Лоиҳаи нави қонунҳои пешниҳодкардаи президенти Русия дар бораи шаҳрвандии Русия имкони харидани шиносномаи Русияро истисно мекунад, гуфт раҳбари ЛДПР Владимир Жириновский дар канали "Telegram"-и худ.
"Лоиҳаи қонун вуруд ба шаҳрвандии Русияро бо асосҳои расмӣ истисно мекунад", - навиштааст сиёсатмадор.
Вай қайд кард, ки ин санад мақоми тартиби ворид шудан ба шаҳрвандии Федератсияи Русияро боло бурда, ба номзадҳое, ки бояд ба таври органикӣ ба ҷомеа шомил шаванд ва узви комилҳуқуқ шаванд, талаботи махсуси ахлоқиро пешниҳод мекунад.
Илова бар ин намояндагони аҳолии Иттиҳоди Шӯравии собиқ, ба таври пешфарз, ҳуқуқи бештаре барои гирифтани шаҳрвандии Русияро доранд.
"Дар баробари ин бинобар ба ваколати Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати корҳои хориҷӣ гузаштани як қисме аз умур дар ин хусус раванди дарёфти мақоми шаҳрвандӣ то се моҳ тасреъ мешавад. Воқеан ин он чизест, ки Ҳизби либерал-демократӣ дар тӯли солҳои зиёд пешниҳод мекунад: бидуни таъхир, бевосита дар консулгариҳои Русия ба русҳо шиноснома дода шавад",- таъкид кард Жириновский.
Ёдовар мешавем, 29 декабр раисҷумҳури Русия Владимир Путин тарҳи қонуни “Дар бораи шаҳрвандии Федератсияи Русия”-ро ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард, ки дар он коҳиши талабот барои бархе аз мутақозиён пешбинӣ шудааст.
29 декабри 2021, 18:00
Тағйирот ба 20 категорияи одамон, аз ҷумла ба ҳамватанони собиқе, ки дар ИҶШС зиндагӣ мекарданд ва ё аҷдодони онҳо дахл доранд.
Дар тавзеҳи лоиҳаи қонун зикр мегардад, ки аз оғози қабули Қонуни федералӣ "Дар бораи шаҳрвандии Федератсияи Русия" аз 31 майи соли 2002 беш аз 7,3 миллион нафар ба шаҳрвандии Русия қабул шудаанд.