Вакили нави парлумон узви Иттифоқи нависандагон шуд: эълони номи шаш узви нав

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шаш узви нав қабул кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Дар феҳрасти аъзои нави Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шоирон Иброҳими Наққош, Ҷавҳари Саидназар, Абдуманнони Хаммор ва Шоҳбегим зикр шудаанд.
Дар ин бора Толиб Луқмон, шоири ҷавону шинохтаи тоҷик дар саҳифаи худ хабар дод.
Инчунин нависанда Муҷибахон Ҷавҳарӣ низ ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қабул гардидааст. Ҷавҳарӣ, ки қаблан роҳбарии идораи фарҳанги шаҳри Исфараро ба уҳда дошт, нимаи моҳи равон аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон вориди парлумон гардид. Ҷавҳарӣ муаллифи китобҳо дар бахши маориф ва занон мебошад.
Тарҷумони ҷавон Сурайё Аҳмадзод низ ба сафи аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пайваст.
Касе "шоҳҷоиза" нагирифт: эълони ғолибони "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст"
Дар баробари ин бархе аз шоирони тоҷики муқими Ӯзбекистону Русия узви ифтихории Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шудаанд.
Дар ин қатор аз шоирони тоҷики Ӯзбекистон - Ҷаъфар Муҳаммад, Абдулло Субҳон, Муҳаммад Шодӣ, нависанда Юнуси Имомназар ном бурда шудаанд.
Шоири тоҷиктабори муқими Русия Алексей Афғонов низ узви ифтихории Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гардид. Афғонов шоиру нависандаи тоҷиктабор аз шаҳри Рязан мебошад, ки бо асару шеърҳояш дар мавриди Ватану мардуми тоҷик номдор гардидааст.