ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Русия дар паёми солинавияш ба президенти Тоҷикистон аз муносиботи хуби ду кишвар ёдовар шудааст.
"Дар паём ба Эмомалӣ Раҳмон рушди муносиботи ду кишвар дар рӯҳияи шарикии стратегӣ ва иттиҳоди миёни Маскав ва Душанбе таъкид гардид", - омадааст дар иттилоияи нашркардаи Кремл.
Путин ҳамчунин афзуд, ки Русия ва Тоҷикистон дар доираи созмонҳои гуногуни байналмилалӣ, аз ҷумла ИДМ, СААД, СҲШ ва ғайра ҳамкории гуногунҷанба доранд.
Ӯ изҳори боварӣ намудааст, ки дар оянда низ ҳар ду давлат рушди ҳамкориҳои барои тарафайн судмандро дар бахшҳои мухталиф таъмин хоҳанд кард.
Маврид ба зикр аст, ки 27 декабр Путин ва Раҳмон дар ҳошияи нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Душанбе мулоқоти дуҷониба гузаронданд.
Дар ин дидор таъкид гардид, ки Маскав ва Душанбе дар самти ҳамкориҳои амниятӣ фаъоланд. Русия талош дорад, иқтидори мудофиавии ҷумҳурии ҳампаймонашро таҳким бахшад.
Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ изҳор карда буд, ки Русия ҳамоно аз шарикони асосии тиҷорию иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад.