Халилзод: Агар Ғанӣ фирор намекард, интиқоли қудрат расман сурат мегирифт

Намояндаи собиқи Амрико дар Афғонистон гуфт, фирори Ғанӣ ҳама созишномаҳоро барҳам зад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Залмай Халилзод, фиристодаи пешини Амрико дар умури сулҳи Афғонистон дар вокуниш ба изҳороти раисҷумҳури фирории Афғонистон гуфтааст, агар Ашраф Ғанӣ фирор намекард, ҳукумати фарогир ба мувофиқа мерасид.
Халилзод афзуд, агар Ғанӣ фирор намекард, Луи ҷирга ташкил мешуд ва интиқоли қудрат ба таври осоишта сурат мегирифт.
Ба назари ӯ, касе тасаввур намекард, ки Афғонистон ин қадар зуд ба дасти толибон меафтад, бинобар ин ҳайрон аст, ки чаро нерӯҳои амниятии афғон бо вуҷуди теъдоди зиёди худ ва пуштибонӣ аз Амрико ба таври ҷиддӣ мубориза намебурданд, зеро он замон ҳам аз ҳимояти ИМА бархурдор буданд.
Ҷаноби Халилзод мегӯяд, Ғанӣ дар бораи хафви кушта шуданаш барои кумак ба онҳо (Амрико) муроҷиат накардааст.
Фиристодаи собиқи Амрико қаблан низ дар мусоҳибае бо "Financial Times" гуфта буд, ки фирори Ғанӣ аз Афғонистон "мунҷар ба шикасти лаҳзаи охири тавофуқнома барои интиқоли қудрат бо толибон шуд".
Суҳбати Ғанӣ дар бораи охирин соатҳои ҳукмронӣ, фирор ва интиқоли пул аз Афғонистон
Вай афзуд, ИМА дар ниҳоят бо толибон ба тавофуқ расид, ки нерӯҳои ин гурӯҳ вориди Кобул нашаванд, аммо тасмими Ғанӣ дар бораи тарк кардани Афғонистон халои амниятиро ба вуҷуд овард. Чунин вазъ, ба гуфтаи ӯ, толибонро маҷбур кард, ки худи ҳамон рӯз вориди Кобул шаванд. "Дар натиҷа беназмие дар зимни хуруҷи низомиёну мулкиён ва қатъи музокироти Доҳа ба амал омад", - гуфтааст ӯ.
Фиристодаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон гуфт, фирори Ғанӣ боис шуд, то толибон ду ҳафта пеш вориди Кобул шаванд.
Ғанӣ дар мусоҳиба бо ВВС гуфт, ду созишномаи ИМА бо толибон мунҷар ба суқути ҳукуматаш шуд, зеро бандҳои он созишҳое, ки дар Кобулу Доҳа имзо шудаанд, зидду нақиз буданд.
Муҳиб: Халилзод дасти толибонро гирифта, онҳоро ба Кобул овард
Созишномаи Доҳа бо ҳузури Халилзод ва вазири хориҷаи ИМА Помпео имзо шуд, ки ба гуфтаи Ғанӣ, озодсозии 5000 зиндониро талаб мекард, ҳарчанд Кобул мухолиф буд, аммо ИМА ба он исрор мекард, ки дар натиҷа мунҷар ба ҳаводиси моҳи август шуд.
Ғани мегӯяд, баъди ин созишномаҳо толибон дигар бо тими ҳукумат музокира намекарданд ва мавзуи музокирот на марбути Афғонистон, балки марбути ИМА шуда буд. "Онҳо моро ҳазф карданд", - афзуд ӯ.
Ашраф Ғанӣ, охирин раисҷумҳури Афғонистон пеш аз суқути Кобул ба дасти толибон гуфт, чанд дақиқа баъд аз он ки муҳофизонаш иттилоаш доданд, ки ба далели тааҳҳудоти толибон барои саркашӣ аз вуруд ба Кобул дигар наметавонанд ӯ ва пойтахтро ҳифз кунанд, тасмим гирифт, кишварашро тарк кунад.