Барои кӣ истеъмоли сабзӣ қатъан мамнуъ аст?

Аксари моддаҳои ғизоӣ дар пӯсти сабзӣ, яъне дар нахҳои фароваринашудаи он мавҷуданд, мегӯяд ғизошинос Олга Кораблева
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Манфиатҳои сабзӣ барои саломатӣ зиёданд. Масалан, ба ҳамагон маълум аст, витамини А, ки дар сабзӣ мавҷуд аст, барои биноии чашм фоида дорад.
Аммо илова бар ин сабзӣ дорои витаминҳои дигар - гурӯҳҳои B, E ва C мебошад. Онҳо ба организм қобилияти муқовимат ба шамолхӯрӣ ва сироятҳои вирусиро медиҳанд, гуфт ғизошинос Олга Кораблева ба РИА "Новости".
Аммо ин витаминҳо танҳо дар сабзии хом мавҷуданд, аз ин рӯ дар фасли сармо беҳтар аст, ки сабзии тару тоза бихӯред.
Сурх ё зард: кадом навъи себ муфидтар аст?
Гузашта аз ин аксари моддаҳои ғизоӣ дар ин сабзавот дар пӯсти он ҷойгир аст, ки дар он нахҳои фароваринашуда зиёданд. Ин нахҳо ба беҳтар шудани мубодилаи моддаҳо мусоидат мекунанд.
Сабзӣ барои одамони гирифтори камхунӣ низ муфид аст. Дар ин ҳолат тавсия мешавад, ки шарбати сабзӣ бинӯшед. Ин шарбат бо хастагӣ мубориза мебарад ва гардиши хунро беҳтар мекунад.
Бо вуҷуди ин сабзӣ инчунин метавонад барои одамони гирифтори мушкилоти ҷигар хатарнок бошад. Гап дар он аст, ки ҷигар каротин, аз таркиботи сабзиро ҷазб мекунад.

"Ғайр аз ин истеъмоли сабзӣ барои онҳое, ки захми меъда ё рӯда доранд, тавсия дода намешавад", - гуфт Олга Кораблева.

Сабзӣ барои энтерит – илтиҳоби девораҳои рӯдаи борик низ зараровар аст.