Баррасии густариши ҳамкориҳои китобхонаҳои миллии Эрону Тоҷикистон

Сафири Эрон дар Тоҷикистон аз Китобхонаи миллии кишвар боздид ва дар хусуси заминаҳои тавсеаи ҳамкорӣ бо Китобхонаи миллии Эрон гуфтугӯ ва табодули назар кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Ахиран Ҷумъахон Файзалӣ, раиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо сафири Эрон дар Душанбе Муҳаммадтақии Собирӣ, зимни дидор дар робита ба тавсеаи ҳамкориҳои байни китобхонаҳои миллии ду кишвар гуфтугӯ ва табодули назар карданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Китобхонаи миллии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, сафири Эрон зимни дидор аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз толорҳои мусаввари таърихӣ , осорхонаи китоб, китобҳои тозанашр ва китоби Эрон боздид кардааст.
Ҳамзамон ӯ зимни дидор бо раиси китобхона дар мавриди таърихи муштараки ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг, заминаҳои мавҷуд барои тавсеаи муносиботи илмию фарҳангӣ, густариши таомулоту ҳамкориҳои китобхонаҳои миллии Эрону Тоҷикистон гуфтугӯ ва табодули назар кард.
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Эрон барои таъсиси корхонаҳои муштараки маводи ғизоӣ
Муҳаммадтақии Собирӣ бо ишора ба 30-юмин солгарди барқарории равобити дипломатии Теҳрону Душанбе ёдовар шуд, Эрон нахустин кишваре буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмияти шинохт ва иқдом ба ифтитоҳи нахустин сафорат дар пойтахти он кард, ки ҳокӣ аз тавваҷуҳи хоси Теҳрон ба рушду густариши равобит бо кишвари дӯсту бародари Тоҷикистон аст.
Сафири Эрон ва мудири Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар робита ба заминаҳои таҳкими муносибот дар арсаҳои фарҳангӣ, имзои тафоҳумномаи ҳамкориҳо байни Китобхонаи миллии Тоҷикистону Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Эрон табодули назар карданд.
Дар поёни ин дидор оқои Собирӣ ду ҷилд китоб ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим кард.